1.1. Шартҳои мазкур (минбаъд - Шартҳо) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии тамоми шахсони воқеиро ҳангоми аз ҷониби онҳо истифода шудани сомонае, ки бо номи домении https://www.zinda.tj/ дар шабакаи иттилоотӣ-теллекомуникатсионии "Интернет" ҷойгир шудааст (минбаъд - Сомона), ба танзим медарорад.
1.2. Шартҳо бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1537 “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахси" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудаанд.
1.3. Анҷом додани Истифодабарии захираҳои Сомона аз чониби Истифодабаранда маънои розигии бечунучарои ӯро бо Шартҳо дорад.
2.1. Оператор – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ЧСП) Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) "Зинда Капитал" (суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 175).
2.2. Истифодабарии захираҳои Сомона – дилхоҳ амали Истифодабаранда дар сомона, аз он чумла, вале маҳдуд нагашта, дидани мавод ва иттилооти дар Сомона ҷойгиршуда, истифодабарии имкониятҳои Сомона, ирсол намудани аризаҳо / дархостҳо / муроҷиатҳо тавассути ва (ё) бо истифода аз шаклҳои Сомона, боркунии скан-нусха ва (ё) тасвири ҳуҷҷатҳо, ворид намудани маълумот, аз он ҷумла, вале маҳдуд нагаша, бо роҳи пур кардани шаклҳои гуногун дар Сомона, бақайдгирӣ дар утоки шахсӣ (эҷод кардани сабти ҳисобгирӣ) дар Сомона.
2.3. Муштарӣ – мафҳуме, ки инҳоро дар бар мегирад: а) шахси воқей – истифодабарандаи Сомона, ки бо Оператор шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои дахлдор бастааст, ё б) шахси воқей — истифодабарандаи Сомона, ки ҳамзамон намояндаи шахси ҳуқуқие, ки бо Оператор шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасонии дахлдор бастааст, мебошад.
2.4. Ҷамъоварии маълумоти шахсӣ (ё чамъоварӣ) – амалҳои ба гирифтани Маълумоти шахсӣ равонагардида.
2.5. Коркарди маълумоти шахсӣ (ё коркард) - амалҳое, ки ба сабт, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, тағйирдиҳӣ, такмил, гирифтан, истифода, интиқол, аз он ҷумла интиқоли фаромарзӣ, паҳнкунӣ, бехусусияткунонӣ, бастан ва нобудсозии Маълумоти шахсӣ равона гардидаанд.
2.6. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо истифода аз воситаҳои автоматизатсия — чамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсӣ тавассути техникаи ҳисоббарор;
2.7. Субъекти маълумоти шахсӣ — шахси воқеие, ки ба ӯ маълумоти шахсӣ таалуқ дорад;
2.8. Маълумоти шахсӣ — маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ. Бо мақсади Шартҳо ба Маълумоти шахсӣ маълумоте, ки дар банди 4.1. Шартҳо нишон дода шудаанд, мансубанд.
2.9. Истифодабаранда — субъекти маълумоти шахсӣ, ки Истифодабарии захираҳои Сомонаро амалӣ менамояд. Истифодабаранда метавонад ҳамзамон Муштарӣ бошад.
2.10. Таҷҳизоти Истифодабаранда – мошинаи электронии ҳисоббарор (МЭХ), ки тавассути он Истифодабаранда Истифодабарии захираҳои Сомонаро амалӣ менамояд.
2.11. Cookie – пораи маълумотест, ки аз ҷониби сомона фиристода ва дар Таҷҳизоти Истифодабаранда нигоҳ дошта мешавад. Сookie-ҳо маълуман номи сомонае, ки аз он гирифта шудаанд, санаи анҷоми кор (яъне то чи андоза онҳо дар таҷҳизот боқӣ мемонанд) ва рақами беназири тасодуфӣ тавлидшударо дар бар мегиранд.
2.13. ІР-суроға - суроғаи беназире дар шабака мебошад, ки барои ҷойгиркунӣ, интиқол ва қабули иттилоот аз як гиреҳи шабака ба дигараш лозим аст.
2.14. Интиколи фаромарзӣ аз ҷониби Оператор ба ҳудуди давлатҳои хориҷӣ интиқол гардидани Маълумоти шахсии Истифодабаранда.
3.1. Ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии Истифодабарандаро Оператор бо истифода аз воситаҳои автоматизатсия амалӣ менамояд.
3.1.1. Ҷамъоварии Маълумоти шахсии Истифодабаранда дар натиҷаи амалҳои зерини ӯ дар Сомона аз ҷониби Оператор анҷом дода мешавад: - дидани маводҳо ва маълумоти дар Сомона ҷойгиршуда; истифодабарии имкониятҳои Сомона; ирсол намудани аризаҳо / дархостҳо / муроҷиатҳо тавассути ва (ё) бо истифода аз шаклҳои Сомона; - ворид намудани маълумот, аз он ҷумла, вале маҳдуд нагашта, бо роҳи пур кардани шаклҳои гуногун дар Сомона; - бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ (эҷод кардани сабти ҳисобгирӣ) дар Сомона; - тамоми дигар амалҳои Истифодабаранда дар Сомона.
3.3. Ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии Истифодабаранда бо розигии ў анҷом дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3.3.1. Дар ҳолати агар Маълумоти шахсии Истифодабаранда ба маълумоти дорои сирри бонкӣ мансуб гарданд, интиқол (аз он ҷумла интиқоли фаромарзӣ)- и чунин маълумот ба шахсони сеюм мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ифшои сирри бонкиро ба танзим медароранд, анҷом дода мешавад.
3.4. Далели (факт) истифодабарии Сомона ва (ё) захираҳои он аз ҷониби Истифодабаранда маънои розигии бечунучарои ўро бо ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии Истифодабаранда аз ҷониби Оператор дорад.
3.5. Розигӣ ба интиқол ва ҷамъоварии Маълумоти шахсии Истифодабаранда аз лаҳзаи оғози Истифодабарии захираҳои Сомона додашуда ҳисобида шуда, то лаҳзаи бозхонди он дар шакли хаттӣ аз ҷониби Истифодабаранда амал менамояд.
3.6. Интиқоли фаромарзии Маълумоти шахсӣ бо риояи шартҳои пешбиникардаи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1537 "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” амалӣ карда мешавад.
4.1. Аз ҷониби Оператор ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии зерини Истифодабаранда амалӣ карда мешавад:
- насаб, ном ва номи падар (агар бошад);
- рақами телефони мобилӣ; суроғай почтаи электронӣ;
- ІР-суроға; маълумоти дар файлҳои Cookie нигоҳдошташуда,
- маълумот дар бораи браузер, ки тавассути он Истифодабарии захираҳои Сомона амалӣ карда мешавад;
- системаи оператсионии (OS) Таҷҳизоти Истифодабаранда;
- шумораи саҳифаҳои аз ҷониби Истифодабаранда дидашуда;
- таърихи дархостҳо ва тамошо (дидан) дар Сомона ва (ё) хизматрасониҳои (сервисҳои) он;
- давомнокии дар Сомона қарор доштани Истифодабаранда;
- саҳифаҳое, ки тавассути онҳо гузаришҳо анҷом дода шудаанд;
- маълумот дар бораи худи Таҳизоти Истифодабаранда, аз он чумла мушаххаскунандаи таҷҳизот (агар бошад), мушаххаскунандаи сессия, маълумот оид ба онлайн-амалҳои Истифодабаранда бо истифода аз Сомона ва дигар маълумоти техникӣ, ки аз Таҷҳизоти Истифодабаранда интиқол дода мешавад;
- тамоми дигар маълумоте, ки аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳод / ифшо карда мешавад, аз он ҷумла, вале маҳдуд нагашта, бо роҳи пур кардани шаклҳои гуногун дар Сомона.
4.2. Ҳаҷми Маълумоти шахсии аз ҷониби Оператор ҷамъоваришаванда аз амалҳои аз ҷониби Истифодабаранда содиршаванда вобастагӣ дорад.
5.1. Оператор ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии Истифодабарандаро бо мақсадҳои зерин амалӣ менамояд:
1) ба Истифодабаранда пешниҳод намудани маълумоти равонакардашуда (мақсаднок) оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои Оператор;
2) мувофиқи шартҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасони қабул кардани Истифодабаранда;
3) мувофиқи шартҳои пшбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хизматрасонӣ ба Истифодабаранда;
4) пешниҳоди дастрасӣ ба хизматрасонии “интернет-бонк”;
5) таъмини алоқаи мутақобила;
6) таъмини фаъолнокии пурра, такмили кор ва бехатарии Сомона;
7) гузаронидани тадқиқоти оморӣ, маркетингӣ ва ғайра, аз он ҷумла гузаронидани таҳлили рафтор (таҷрибаи) истифодабарии Сомона ва сабабҳои тағйирёбии он.
5.2. Оператор ба маълумоти Истифодабаранда мерасонад, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1537 “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд бо ноил гаштан ба мақсадҳои мушаххас, қаблан муайяншуда ва қонуни маҳдуд гарданд. Коркарди маълумоти шахсӣ, ки ба мақсадҳои ҷамъоварии онҳо мувофиқ нест, манъ аст.
6.1. Муҳлати коркард ва нигоҳдории Маълумоти шахсӣ барои ҳар як мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсӣ, ки дар банди 4.1. Шартҳо нишон дода шудаанд, бо назарошти талаботҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла, вале маҳдуд нагашта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №1950 "Дар бораи муковимат ба қонунигардонӣ (расмикунони)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории панҳкунии силоҳи қатли ом", муқаррар карда мешаванд.
6.2. Оператор оид ба ҳифзи Маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ меандешад, ки онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:
- пешгирии дастрасии беиҷозат ба Маълумоти шахсии Истифодабаранда;
- сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба Маълумоти шахсии Истифодабаранда;
- то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба Маълумоти шахсии Истифодабаранда.
6.3. Маълумоти шахсии Истифодабаранда бояд нобуд карда шаванд:
- дар сурати расидан ба ҳадафҳои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;
- ҳангоми қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни Оператор ва Истифодабаранда, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;
- дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1537 “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахси".
7.1. Шартҳо аз лаҳзаи ҷойгир гардидани онҳо дар Сомона ба қувваи амал медароянд.
7.2. Дар сурати ба миён омадани баҳсҳо вобаста ба масъалаи маънидодкунии (тавсири) муқаррароти Шартҳо матни ҳуҷҷати мазкур бо забони тоҷикӣ нисбат ба матни ҳуҷҷати мазкур бо дигар забонҳо афзалият дорад.
7.3. Ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумоти шахсии Истифодабаранда, ки дар Шартҳо дарч нагардиданд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
7.4. Оператор ҳуқуқ дорад тариқи яктарафа ба Шартҳо тағйиротҳоро ворид намояд. Ҳангоми ворид намудани тағйиротҳо дар таҳрири ҷорӣ (амалкунанда) санаи тайғирёбии охирин дарч зикр карда мешавад. Таҳрири нави Шартҳо аз лаҳзаи ҷойгир намудани онҳо дар Сомона, агар дар таҳрири нав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба қувваи амал медарояд. Таҳрири ҷорӣ (амалкунанда) мунтазам дар Сомона дастрас мебошад.